Маҷаллаи «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои табиатшиносӣ» аз 1-уми ноябри соли 1948 ба нашр расида, минбаъд ба нашри силсилаи илмҳои физика-математика иқдом шудааст. Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25-уми июли соли 2014 силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодии «Номаи донишгоҳ» дар доираи се соҳа – «илмҳои физика», «биологияи умумӣ», «экология» ва «илмҳои иқтисодӣ» мақола чоп кардааст. Маҷалла аз 3-юми июни соли 2016 ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшаванда, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмии рисолаҳои довталабии дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм дар Федератсияи Россия ба табъ расонида шаванд, шомил гардида ва аз 27-уми декабри соли 2018 ба Феҳристи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст. Аз рӯйи талаботи қарори Раёсати олии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2025, № 10 аз «Номаи донишгоҳ» силсилаи илмҳои табиӣ-риёзӣ ҷудо гардида ва дар назар аст, ки мақолаҳо дар соҳаҳои математика, механика, физика ва биология ба нашр расанд.
Самтҳои муҳимми фаъолияти нашрияи «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои табиӣ-риёзӣ» ба нашри мақолаҳои нави пажуҳишӣ дар заминаи илмҳои математика, механика, физика ва биология ихтисос ёфтааст. Ҳайъати таҳрир ва Шурои мушовараи маҷалла ба иҷрои вазифаҳои муҳимми зерин масъуланд: нигаҳдошти сатҳи баланди илмии маводи мавриди нашр, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар ва олами муосир инъикос ёбанд ва фарогири ғояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди ин илмҳо мусоидат доранд. Дар маҷалла мақоми рӯзафзуни илмҳои табиӣ-риёзӣ дар пешрафти ҷаҳони муосир дар таҳқиқи мутахассисони баландихтисос нишон дода мешавад.
Ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳоеро ба чоп ҳозир менамоянд, ки ба ҳалли масъалаҳои умдаву амалии илмҳои табиӣ-риёзӣ нигаронида шудаанд. Дар онҳо истифодаи усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумлаи шароити ҳатмии чопи мақолаҳо ба назар гирифта мешаванд, ки дар раванди таълим, эҷоди илмӣ, фарорафти дигаргуниҳои Тоҷикистони муосир ва вусъати донишҳои табиӣ-риёзӣ мавқеи фавқулода муҳим мебозад.
Барои рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати табиӣ-риёзӣ ва таҳкими заминаҳои илмӣ дар насли наврас омӯзиши қонунҳои табиат, равандҳои риёзӣ, физикӣ, биологӣ, муҳити зист ва усулҳои риёзии таҳқиқ аҳаммияти бузург дорад. Аз ин рӯ, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рӯйи масъалаҳои муҳимтарини математика, физика, биология ва дигар соҳаҳои илмҳои табиӣ-риёзӣ ба нашр мерасанд. Ҳамчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти назариявӣ ва амалӣ, кашфиёт ва навгониҳои илмӣ, усулҳои муосири таҳқиқот, масъалаҳои истифодаи технологияҳои нав ва татбиқи дастовардҳои илмҳои табиӣ-риёзӣ дар истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ин мақолаҳо масъалаҳои математикаи назариявӣ ва амалӣ, таҳлили математикӣ, алгебра ва геометрия, физикаи назариявӣ ва амалӣ, химияи умумӣ ва соҳавӣ, биологияи назариявӣ ва таҷрибавӣ, генетика, ботаника, зоология, микробиология, инчунин масъалаҳои моделсозии математикӣ, омор, таҳлили маълумот ва истифодаи усулҳои муосири ҳисоббарорӣ дар таҳқиқоти илмӣ баррасӣ мешаванд.
«Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои табиӣ-риёзӣ» ба феҳрасти маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии пешбари тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки натиҷаҳои асосии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илмҳо дар онҳо бояд нашр гарданд, дохил шудааст.
