Талабот ба таҳияи мақолаҳо
1. Маҷалла мақола, тақриз ва хулоса (обзор)-ҳои илмиро тибқи соҳаҳои ихтисосҳои 1.1. – математика ва механика; 1.3. – илмҳои физика; 1.5. – илмҳои биология, ки пеш дар ҳеҷ ҷой чоп нашудаанд, қабул менамояд.
2. Муаллифон ба идораи маҷалла ҳатман бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
– матни мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ (ҳатталимкон бо тарҷумаи русӣ) , ки дар гунаи чопии он муаллиф (ҳаммуаллифон) имзо гузоштаанд;
– тақризи доктор ё номзади илм, ки ба он шуъбаи кадрҳои ҷои кори муқарриз муҳр гузоштааст;
– маълумотнома аз ҷои таҳсил (барои аспирантону магистрантон)
– гунаи чопии ҳуҷҷатҳо ба идора ба суроғаи зерин ирсол мешавад:
735700, ҶТ, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52, утоқи 33. Гунаи электронии мақола ба почтаи электронии
Тибқи талабот мақола бояд унсурҳои зеринро дарбар гирад:
– индекси УДК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);
– индекси ББК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);
– ному насаби пурраи муаллиф (ҳаммуаллифон) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ё русӣ ва англисӣ;
– унвони илмӣ, дараҷаи илмии муаллиф (ҳаммуаллифон), ном ва рамзи ихтисоси илмӣ (тибқи номгӯй), ки тадқиқот тибқи он сурат мегирад, ба забонҳои тоҷикӣ,русӣ ва англисӣ, ё русӣ ва англисӣ;
– аспирантон, унвонҷўён, муаллифон, докторантҳо номи кафедра ва муассисаи илмиро (магистрантҳо – самти омодагиро) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ё русию англисӣ зикр менамоянд;
– зикри мансаб, ҷои кор, шаҳру мамлакат ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ё русию англисӣ;
– e-mail;
– номи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ё русию англисӣ (бо ҳарфҳои калон, ҳуруфи Times New Roman 14, тароз дар мобайн);
– фишурда ба забонҳои тоҷикиву русию англисӣ (ҳуруфи Times New Roman), аз 100 то 250 вожа бо зикри мақсаду вазифаи таҳқиқ, баёни мухтасари кор ва хулосаҳои асосие, ки навоварии илмии корро дар бар мегирад;
– вожаҳои калидӣ ба забонҳои русию англисӣ оварда мешаванд (5-7 калима ё ибора, ки ду ё се вожаро дарбар мегирад; ҳуруфи Times New Roman 14, тарҳаш – курсив, тароз дар бар, вожаҳои ё ибораҳои калидӣ бо вергул аз ҳам ҷудо карда мешаванд);
– мақолаҳо ҳатман аз таҳрир гузашта, ба талаботи забони таълиф ҷавобгӯ бошад;
– ба мақола ҳатман номгӯи адабиёт танҳо бо зикри сарчашмаҳои иқтибосӣ замима мешавад; рӯйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта мешавад. Ҳангоми навиштани рӯйхати мазкур тартиби ҳуруфи алифбо ва талаботи ГОСТ Р 7.01.11-2011 бояд риоя шавад;
– иқтибосҳо дар қавсайн бо сабти шумораи адабиёт аз рӯи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд;
– матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ ба ҳисоб рафта, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.
– мақолаҳои берун аз риоя ин талабот баррасӣ намешаванд.
Масъулияти салоҳият, боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолаҳо бар дӯши муаллифон ва муқарризон мебошад.
