Тартиби баррасии мақола
Мақолаҳо тибқи ҷадвали зерини муқарраргардида пазируфта мешаванд:
– барои шумораи 1(феврал) – то 1 январи соли ҷорӣ;
– барои шумораи 2 (май) – то 1 марти соли ҷорӣ;
– барои шумораи 3 (август) – то 1 июни соли ҷорӣ;
– барои шумораи 4 (ноябр) – то 1 сентябри соли ҷорӣ.
Дар мавридҳои истисноӣ бо мувофиқаи идораи маҷалла муҳлати пазироии мақолаҳо ба шумораи навбатӣ мумкин аст барои 3 ҳафта дароз карда шавад, вале на бештар аз он.
2. Ҳайати таҳририя мақолаҳои пешниҳодиро дар давоми 2 моҳ баррасӣ менамояд.
3. Ҳайати таҳририя мақоларо ҳатман ба тақриз месупорад.
4. Ҳайати таҳририя салоҳият дорад маводи расидаро аз назари илмиву адабӣ виросторӣ намояд, вақти зарурат пас аз мувофиқа бо муаллиф ихтисор кунад, ва ё агар мақола мавриди пазириши маҷалла бошад, онро ба муаллиф барои коркарди дубора ирсол намояд.
5. Ҳайати таҳририя дар радди мақолаҳое, ки ба талаботи муқарраргардида ё меҳварҳои мавзўии маҷалла мувофиқат намекунанд, озод аст.
6. Дар сурати рад кардани мақола ҳайати таҳририя ба муаллиф хулосаи асоснок ирсол мекунад.
7. Ба муаллифон дар бораи ба идораи маҷалла расидани мақолаашон дар давоми 10 рӯзи корӣ огоҳинома ирсол карда мешавад. Баъди 1 моҳи сабти мақола идораи маҷалла ба муаллиф дар бораи натиҷаҳои тафтиши мавод дар барномаи «Зиддисирқа» хулосаи муқарризи дохилӣ ва замони чопи мақола хабар медиҳад.
8. Ҳайати таҳририя ба муаллиф як нусхаи маҷалларо, ки дар он мақолаи ӯ нашр шудааст, ройгон пешниҳод менамояд.
