Sprache auswählen

Талабот ба мақола

Талабот ба мақола

1. Шароити нашри мақола:
 • Мақолаи пешниҳодӣ бояд пажуҳиши мустақил ва ба поёнрасидае аз ҳалли масъалаи муҳими тахассуси маҷалла бархурдор бошад; марбут ба инъикоси масъалаҳои умда ва ояндадори самтҳои илм
ҳои математика ва механика, физика ва биология дар сатҳҳои байналмилалию миллӣ бошад; мақола бояд навовариҳо, гузоришу ҳалли масъалаҳо (проблемаҳо)-ро доро бошад; натиҷаҳои асосии таҳқиқотро инъикос кунад.
 • Ба қоидаҳои ба расмиятдарории мақолаҳо мувофиқат кунад.
2.
 Қоидаҳои ба расмиятдарории мақола:
 • мақола дар рӯи коғаз ва дар ҳомили электронӣ
(тавассути e-mail ё дар диск) дар формати А-4, таҳти нармафзори Microsoft Word , андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5, қолаббандӣ тибқи паҳно; ҳошия 20 мм пешниҳод карда мешавад. Ҳаҷми мақола: то 15 саҳифа барои аспиранту унвонҷўён, ҳамчунин барои муаллифоне, ки дорои унвони номзад ё доктори илмҳо мебошанд;
 • ба мақола чакида дар ҳаҷми на кам аз 100 ва на зиёда аз 250 калима, ки мўҳтавои асосии мақола ва натоиҷи таҳқиқро инъикос мекунад, ҳамчунин вожаҳои калидӣ дар ҳудуди на кам аз 5-7 вожа ё ибора замима мегардад;
 • дар
охири иқтибосҳо бояд ҳатман  дар қавсайн ба сарчашмаҳои истифодаи онҳо ишора ва номи сарчашмаҳо дар феҳристи охири мақола оварда шавад.
 • ба мақола маълумот дар бораи муаллиф (он): ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, мансаб, ҷойи кор (ҷойи таҳсил ё унвонҷўйӣ), телефонҳо барои тамос, e-mail, индекси почта ва нишонӣ бо забонҳои русиву англисӣ замима мегардад.
 • муаллиф бояд матни мақоларо бо диққат мутолиа намуда, имзо намояд; масъулияти ҳар мақола аз назари муҳтавои илмӣ ва назароти матраҳшуда дар матни он ба уҳдаи муаллиф(он) аст.
3. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба мақола:
 • матни мақола дар коғази сафед ё ҳомили электронӣ ба идораи маҷалла ба нишонии зерин фиристода мешавад:

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52, утоқи № 33 ба почтаи электронии маҷалла: e-mail: Diese E-Mail-Adresse ist vor Spambots geschützt! Zur Anzeige muss JavaScript eingeschaltet sein.
 • муаллифон ҳамчунин тақризи муқарризро, ки бо имзо ва муҳри муассиса тасдиқ шудааст, ирсол менамоянд.Тақризи ирсолӣ аҳаммияти масъала ва саҳми муаллифро дар ҳалли проблемаи мавриди пажуҳиш инъикос кунад; дар тақриз ҳамчунин бояд тавсия дар бораи чопи мақола дар маҷаллаи «Номаи донишгоҳ: силсилаи илмҳои табиӣ-риёзӣ» мавҷуд бошад;
 • муаллифоне, ки кормандони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” нестанд, ба мақола мактубро ба номи сармуҳаррири «Номаи донишгоҳ: силсилаи илмҳои табиӣ-риёзӣ» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо имзои роҳбари муассисае, ки дар он муаллифи мақола таҳсил ва ё кор мекунад, замима менамоянд.