
САҲИФАИ САРМУҲАРРИРИ МАҶАЛЛА Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент, ректори МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Ҷои кор: МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
E-mail:
Тел: (83422) 6-52-73
Дар бораи сармуҳарир: https://www.hgu.tj/personlist/viewperson/98.html
Ҳамкасбони азиз! Ба таваҷҷуҳи шумо маҷаллаи пажуҳишии «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои ҷамъиятӣ»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» пешниҳод мегардад. Маҷалла нашрияи илмиву амалӣ буда, барои муҳаққиқон, докторантҳо, аспирантҳо, довталабони унвонҳои илмӣ, магистрантҳо, устодони донишгоҳҳо ва ҳама хонандагони ба маводи он таваҷҷуҳдошта пешбинӣ шудааст. Ҷуғрофияи муаллифони маҷалла танҳо маҳдуд ба Тоҷикистон набуда, дар он мақолаҳои муҳаққиқони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин хориҷи наздику дур, Олмон, Италия, Чин ва ғайра пешкаш мегардад. Маҷалла ба олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мубодилаи донишу таҷриба дар истифодаи дастовардҳои илм дар соҳаи гумантирӣ ёрӣ мерасонад. Нашрияи илмии «Номаи донишгоҳ» дар шабакаи Интернет www.uchzap.tj нусхаи пурраи онлайн дорад, ҳамаи мақолаҳои маҷалла пурра дар китобхонаи электронии илми (РИНС) – https://elibrary.ru ва дар вебсайти Cyberleninka / ҷойгир гардидаанд. Маҷалла ҳамчун нашрияи даврии чопӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаи бақайдгирии № 476/МҶ-97 аз 5-уми марти соли 2026). Маҷалла манфиатҳои пажуҳишгарони илмҳои ҷамъиятиро бо мақсади вусъат додани фазои иттилоотӣ барои ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ муттаҳид мекунад. Маҷалла барои иҷрои ҳадафҳо ва вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст: – ба муҳаққиқони ҷавон ва тамоми олимони соҳаи илмҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика имкон фароҳам меорад, то натиҷаҳои тадқиқоти илмиашонро нашр намоянд; – натиҷаҳои тадқиқот ва фаъолияти илмию амалии олимони тоҷик, рус ва хориҷиро дар соҳаҳои илмҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика нашр мекунад; – ба рушди робитаҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика мусоидат намояд; – мусоидат ба ташаккули баҳсҳои ошкорои илмӣ, мусоидат ба баланд бардоштани сифати тадқиқоти рисолаҳо; – диққати намояндагони илмҳои ҷамъиятиро ба проблемахои афзалиятнок ва самтҳои ояндадори рушди илмҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика ҷалб намояд; – мусоидат ба пешбурди дастовардҳои асосии фаъолияти илмии олимони Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ ва муҳокимаҳо дар миқёси байналмилалӣ; – мусоидат ба рушди фазои ягонаи иттилоотии иртибототи илмӣ дар соҳаҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика; «Номаи донишгоҳ» асосан мақолаҳои илмии дорои характери илмию методӣ оид ба масъалаҳои мубрами психологияи умумӣ, психологияи шахсият, психологияи иҷтимоӣ, психологияи рушд ва синнусолӣ, психологияи педагогӣ, психологияи меҳнат, психологияи муҳандисӣ, психологияи тиббӣ, психофизиология, психологияи ҳуқуқӣ, психологияи ҳарбӣ, психологияи варзиш, психологияи махсус; назарияи иқтисодӣ, иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ, молия ва қарз, баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, иқтисодиёти меҳнат, иқтисодиёти минтақавӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ, иқтисодиёти саноат, демография; педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика, назария ва методикаи таълим ва тарбия, педагогикаи иҷтимоӣ, педагогикаи касбӣ, педагогикаи махсус, педагогикаи муқоисавӣ, методика, назарияи тарбия, педагогикаи оилавӣ, педагогикаи рақамӣ, ҳамзамон тақризу хулосаҳо дар бораи китобҳои нави соҳаҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика ба табъ мерасонад. Ҳайати таҳририя бо мақсади баланд бардоштани сифати нашри мақолаву тақризҳо аз рӯйи талабот ва меъёрҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Русия барои маҷаллаҳои илмӣ дар боби ворид кардани маводи чопшуда ба махзани иттилоотии русӣ ва байналмиллалии библиографӣ кор мебарад.
